Як роҳи дигари муборизаи самаранок бо коронавирус бидуни ваксин маълум шуд

© REUTERS / NIAID-IRFВид на зараженную коронавирусом клетку под микроскопом
Вид на зараженную коронавирусом клетку под микроскопом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Олими Академияи илмҳои Русия гуфт, ки кадом роҳи самараноки мубориза бо коронавирус бидуни ваксин маълум аст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Худро аз штамми нави коронавирус бидуни ваксина муҳофизат кардан танҳо ба воситаи скафандр имконпазир аст, мегӯяд Сергей Нетесов, доктори илмҳои биологӣ, роҳбари лабораторияи бионанотехнология, микробиология ва вирусология, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия.

"Ин технология кайҳост, ки маълум аст - скфандри филтрдор", - меафзояд вай.

Олими рус таъкид кард, ки кӯдакон яке аз омилҳои асосии паҳн шудани уфунат мебошанд, зеро ба муассисаҳои таълимӣ бидуни риояи қоидаҳои беҳдошт мераванд.
Пожилая женщина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Қодироваи 100 - сола дар Тоҷикистон бар коронавирус пирӯз шуд - акс
Нетесов афзуд, ягона роҳи пирӯзии кулл бар коронавирус ҳамоно ваксин ва пӯшидани ниқоб аст.
Ба гуфтаи олим, "сарнавишт"-и коронавирус бевосита аз худи одамон вобаста аст.
"Одамон, намедонам чаро, танҳо ба чизҳои мураккаб бовар мекунанд, аммо намефаҳманд, ки рафтори худашон омили асосии сироятёбиашон мегардад" - гуфт дар анҷом вай.

Пандемияи коронавирус

Охири соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин аз шуюи коронавирус хабар дода шуд.
Тибқи гуфтаи олимон, барангезандаи уфунат штамми қаблан номаълуми 2019-nCoV буд. Манбаи сироятшавии одамон кӯршапаракҳо ва панголинҳо гуфта мешавад.
Бо сабаби зуд паҳн шудани беморӣ, СУТ баҳори соли гузашта пандемия эълон кард. То 12 июл дар саросари ҷаҳон зиёда аз 187,6 миллион нафар мубталои коронавирус шудааст. Зиёда аз 4 миллион беморон қурбони ин беморӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала