Пирӯзии хонандагони тоҷик дар олимпиадае, ки Русия ташкил кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаШкольники на уроке за партами
Школьники на уроке за партами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Соли оянда тибқи хулосаи Кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур мизбони баргузории Олимпиадаи ISI Junior шаҳри Душанбе дониста шуд.
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Русия ташкил гардида буд, пирӯз шуданд.
Бино бар иттилои "Ховар", хонандагони Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии ISI Junior пирӯз шуданд.
Гуфта мешавад, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии ISI Junior аз фанни технологияи иттилоот сазовори ҷойҳои 2 ва 3 гардиданд.
Соли оянда тибқи хулосаи Кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур мизбони баргузории Олимпиадаи ISI Junior шаҳри Душанбе дониста шуд.
Олимпиадаи байналмилалии ISI Junior аз ҷониби Федератсияи Россия аз 1 то 10 июли соли равон баргузор гардида, дар он байни наврасони то 15-сола иштирок намуданд.
Школьники сидят за партой в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Хонандаи синфи се дар Хуҷанд аз озмуни байналмилалӣ медали тилло гирифт
Олимпиада тариқи онлайн баргузор гардида, дар он зиёда аз 11 давлати дунё бо шумораи умумии 180 нафар хонандагон — барномасозони то 15- сола иштирок ва сабқат намуданд.
Дар олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт низ иштирок намуда, ҷойҳҳои намоёнро сазовор гардиданд.
Пештар хабар дода шуд, ки Салоҳиддин Эргашев, хонандаи синфи 3-юми гимназияи ба номи Гётеи Хуҷанд дар озмуни "Кенгуруи математикии байналмилалӣ" ҷои якумро гирифт ва соҳиби медали тилло гардид.
Дар Хатлон беҳтарин донандагони "Тоҷикон"-ро аз миёни ҷавонон муайян карданд
Озмуни мазкур дар литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд ва дар он хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Дар ин озмун зз гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд 52 хонанда иштирок карда, дар 31 нафар хонанда соҳиби Сертификат, 12 нафар соҳиби медали биринҷӣ, 8 нафар нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар соҳиби медали тилло шуданд.
Лентаи хабарҳо
0