Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Қодироваи 100 - сола дар Тоҷикистон бар коронавирус пирӯз шуд - акс

© sabinevanerp / pixabayПожилая женщина
Пожилая женщина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Пизишкони Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе зани 100 - соларо аз коронавирус наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон як зани 100 - сола, ки гирифтори маризии коронавирус буд ва дар Бемористони касалиҳои сироятии пойтахт табобат мегирифт, комилан шифо ёфт.
Сиҳат ёфтани ин зани калонсолро Бобозода Асомиддин ном корбар дар сафҳаи Facebook - ии худ нашр намудааст.
Ба маълумоти интишорнамудаи Бобозода, ин зан Қодирова Шарофат буда, мавсуф корманди шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Пас аз 10 рӯзи фавти ҳамсар: даргузашти полковник Ғанихон Тӯраев
"Номбурда дорандаи медалу мукофотҳои давлатию меҳнатӣ аст", - навиштааст ин корбар.
Қодирова зери назорати пизишкони Бемористони касалиҳои сироятӣ қарор дошт ва пас аз он, ки комилан шифо ёфт, "наҷотдиҳандагонаш" ӯро тантанавор ба хона гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 21 июн дар Тоҷикистон мавҷи дуюми коронавирус сар зад ва феълан шумораи умумии гирифторони ин дард ба 13 834 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 535 нафар шифо ёфта, 103 мариз қурбони ин вабо гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала