Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Собиқ наттоқи барномаи "Ахбор" аз коронавирус ҷон бохт: дар "Якум Советский" бистарӣ буд

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон, Мунаввара Усмонова ҳам қурбони коронавирус шуд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз як зани маъруф, ки солҳои зиёд тоҷикистониён симои ӯро аз телевизион тамошо мекарданд ва мардумро бо муҳимтарин хабару гузоришҳо шинос мекард, ҷон ба Ҳақ супорид.
Ин зан, Мунаввара Усмонова аст ва ӯ низ қурбони бемории коронавирус гардид.
Хабари даргузашти Усмоноваро, рӯзноманигор Шаҳло Наҷмиддинова аз қавли Малоҳат Дӯстматова дар сафҳаи Facebook -ии худ нашр намудааст.
"Дар қатори ин шабурӯз рафтагон, наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон, тарҷумон ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ Мунаввара Усмонова ҳам аз бемории ковид бандагӣ кард", - навиштааст, Малоҳат Дустматова ва Наҷмиддинова ин навиштаро бознашр намудааст.
Мунаввара Усмонова 71 сол дошта, тақрибан ду ҳафта қабл дар бемористони "Якум Советский" бо нишонаҳои бемории коронавирус бистарӣ буд.
Аммо пизишкон натавонистанд ҷони Усмоноваро наҷот диҳанд ва ӯ рӯзи 12 июн ҷон ба Ҷонофарин супорид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Шералӣ Абдулқайсов низ дар синни 70 - солагӣ даргузашт.
Шерали Абдулкайсов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Даргузашти Шералӣ Абдулқайсов: дар Қарияи Боло бистарӣ буд
Иллати марги ин ҳунарманди хушном ҳам бемории коронавирус гуфта мешавад. Абдулқайсов чанд рӯз боз дар Бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд ва пас аз вазнин шудани аҳволаш ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд. Имрӯз бошад, Абдулқайсов даргузашт.
Лентаи хабарҳо
0