"Соро компания" тими "Самандар" - ро голборон кард: дастаи Турсунзода ҳанӯз хол надорад

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпӣ натиҷаи ду бозии даври чоруми лигаи касбии футзали Тоҷикистон – 2021 – ро эълон кард
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Тими “Соро компания”-и шаҳри Душанбе дар сафар бар тими “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 12:5 пирӯз шуд.
Дар бозии дигар дастаи “Истиқлол” тими “Пойтахт”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Бозӣ миёни дастаҳои “Помир” ва“Сипар” ба вақти дигар гузаронида шуд.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Натиҷаҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон: "Эсхата" ба ҷои дуюм баргашт
Кумитаи миллии олимпӣ илова намуд, ки бозиҳои даври панҷуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 17 июл доир мешаванд. Дар даври навбатӣ “Истиқлол” бо “Соро компания”, “Пойтахт” бо “Помир” ва “Сипар” бо “Самандар” вомехӯранд.
Феълан “Соро компания” – и шаҳри Душанбе бо 10 хол дар садри ҷадвал, “Сипар” – и шаҳри Хуҷанд бо 7 хол дар ҷойи дуюми мусобиқот қарор доранд. Дастаи “Истиқлол” – и Душанбе бо 7 хол дар ҷои сеюм, “Помир” – и Хоруғ бо 4 хол дар ҷои чорум, “Пойтахт” – и Душанбе бо 3 хол дар ҷои панҷум ва “Самандар” - и Турсунзода бидуни ягон хол дар ҷои шашум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0