Тобистони бебарқ дар Суғд: сабаби “лимит” маълум шуд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкЛампочка в подвале, архивное фото
Лампочка в подвале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Масъулони идораи интиқоли барқ дар Суғд мегуянд, гармшавии ҳарорати ҳаво кори барқрасониро душвор намудааст. Фасли зимистони гузашта ҳам интиқоли барқ дар навоҳии Тоҷикистон қатъ карда шуд ва сабаби онро масъулон идораи барқ ба камшавии маҷрои оби дарё рабт дода буданд
ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Сокинони аксар ноҳияҳои Суғд як моҳ ба ин тараф дар бораи қатъи интиқоли барқ ё “лимит”- и тобистонӣ таъкид мекунанд.
Сокинон мегуянд, як моҳ мешавад, ки интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои онҳо қатъ мешавад, аммо ҳеҷ кас сабаби ин вазъро намедонад. Масъулони идораи барқ ҳам дар бораи маҳдудшавии интиқоли барқ то ҳол мардумро огоҳ накардаанд.
Оятулло як сокини ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, “лимит” - и тобистонии барқ дар муқоиса ба фасли зимистон тафовут доштааст.
“Хомӯшкунии барқ дар фасли тобистон реҷаи муайян надорад. Гоҳ саҳар, гоҳ нимарӯзӣ ва гоҳе бегоҳ барқро аз як то ду се соат хомӯш мекунанд”, - гуфт сокини ноҳияи Деваштич.
Дар ҳамин ҳол сокинони шаҳру навоҳии Ашту Мастчоҳ, Истиқлол, Исфара ва Конибодом ва ноҳияи ба номи Б. Ғафуров ҳам дар бораи қатъшавии интиқоли барқ ба хонаҳояшон изҳор мекунанд.
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон каму содироташ зиёд шудааст
Беҳрӯз Шарипов як сокини ноҳияи Ашт мегуяд, қатъи интиқоли барқ монеаи дарёфти кору рӯзии ӯ мегардад.
Ин сокини ноҳияи Ашт гуфт, ҳамроҳ бо бародаронаш як коргоҳи таъмири чархи автомобилҳо (вулканизация) дуруст карданд, аммо аз сабаби хомӯш шудани барқ кори худро пеш бурда наметавананд.
“Таҷҳизотҳои кандан ва ширеш (клей) намудани чархҳо бо қувваи барқ кор мекунанд, вақте, ки барқ қатъ карда мешавад, онҳо бозмеистанд”, - иброз намуд Беҳрӯз.
Муҳиддин Аҳмадзода, роҳбари “Шабакаҳои интиқоли барқи Суғд” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, гармшавии ҳарорат кори таҳҷизот ва зеристгоҳҳои барқинтиқолдиҳаро мушкил намуд.
“Ҳарорат баланд шуд, оҳане, ки бо барқ пайваст аст об шуда меравад. Барои об нашудани таҷҳизотҳо мо барқро бо навбат хомӯш намуда аз ин ҳисоб кори зеристгоҳҳои барқиро дам медиҳем”,- гуфт Аҳмадзода.
Бино ба гуфтаи ин масъули “Шабакаҳои интиқоли барқи Суғд” таҷҳизоти зеристгоҳҳои Суғд истеҳсоли солҳои 60 ум буда, дар шароити афзоиши истифодаи барқ аз сӯи аҳолӣ, иқтидори онҳо тобовар нест.
Лампа накаливания и энергосберегающая лампочка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Дар Тоҷикистон арзиши қувваи барқ гарон мешавад
“Дар шароити имрӯз таҳҷизотҳо кӯҳна шудаанд, мо то қадри имкон онҳоро таъмир намуда иқтидорашонро нигоҳ дошта истодаистодаем”, - иброз намуд раиси “Шабакаҳои интиқоли барқи Суғд”.
Алҳол интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Суғд асосан аз нерӯгоҳи обибарқии “Норак” аз ҷануби кишвар тавассути зеристгоҳи барқии “Суғд - 500” сурат мегирад. Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон ҳаҷми истифодаи шабонарӯзии барқ дар Суғд ба 20 милион кВт соат баробар шудааст.
Манобеъи наздик ба идораи интиқоли барқ мегуянд, дар пайи зиёд шудани меъёри истифодаи нерӯи барқ, масъулин ба қатъ намудани барқ ногузиранд, вагарна зеристгоҳҳои мавҷуда аз сарбории зиёд (нагрузка) эҳтимол корношоям гарданд.
Коршиносони умури энергетика таъкид меварзанд, ки дар чунин шароит сохтмони зеристгоҳҳои нави барқӣ дар Суғд ба миён омадааст, то мушкили бебарқии мардум дар фасли тобистон бартараф шавад.
Лентаи хабарҳо
0