Туркманистон маълумот дар бораи кашидани нерӯҳояш ба марзи Афғонистонро рад кард

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийУчение ОДКБ "Взаимодействие-2018"
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Мақомоти Туркманистон кашидани артиш ба марзи Афғонистонро бепоя хонд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Вазорати хориҷаи Туркманистон хабар додааст, ки гузоришҳо дар бораи кашидани нерӯҳои Туркманистон ба марзи Афғонистон воқеият надорад ва "мунсифона нест".
Бояд қайд кард, ки як рӯз пеш, сомонаи Turkmen.news бо такя ба манбаъҳо ва аксҳои саҳроӣнавишт, ки Ишқобод тасмим гирифтааст бо техникаи вазнин марзҳои худро пурзур намояд.
"Рӯзҳои охир як қатор расонаҳо гузоришҳои носанҷида ва ошкоро ғаразнокро дар бораи вазъи марзи Туркманистон ва Афғонистон паҳн мекунанд", - омадааст дар изҳороти расмии вазорати корҳои хориҷии ин кишвари Осиёи Марказӣ.
Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, дар истинод ба вазорати дифоъ, таъкид кард, ки ҳамаи воҳидҳои низомӣ дар минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ худ боқӣ мемонанд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш хабаре расида буд, ки Афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон, ба хусус дар манотиқи шимолӣ, ҳукумати Туркманистон маҷбур сохтааст, амнияти марзҳои худро бо ин кишвар тақвият диҳад.
Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Туркманистон амнияти марзҳояш бо Афғонистонро тақвият медиҳад
Бар асоси гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар як ҷаласаи назди раисҷумҳур пас аз баррасии вазъияти низомӣ дар Афғонистон таъкид шуд, ки тадобири лозим барои тақвияти навоҳии марзӣ ҳарчӣ зудтар иҷро шавад.
Бар асоси гузориши расонаҳои маҳаллӣ, Туркманистон дар назар дорад то сомонаҳои мушакии худро дар 130 километрии марз бо Афғонистон ва дар устони “Марӣ” ва “Лабоб” мустақар кунад.
Илова бар ин дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд таҷҳизоти низомии шомили чандин фарванди ҷанганда ва болгарди низомӣ ба фурудгоҳи ҳавои Мари 2 мунтақил шавад.
Ёдрас мешавем, ки Толибон* минтақаи ҳаммарз бо Туркманистон Андҳойро забт карданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0