Вазири адлия гуфт, дар зиндонҳои Тоҷикистон чанд нафар хориҷиён адои ҷазо мекунанд

CC0 / Marcello Rabozzi / Prisonციხე
ციხე - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Вазири адлияи аз ҳузури наздик ба 200 нафар хориҷӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон наздик ба 200 тшаҳрванди хориҷӣ адои ҷазо мекунад.
Ба гуфтаи вай дар маҷмӯъ дар зиндонҳои Тоҷикистон 198 шаҳрвандони хориҷӣ ҳузур доранд.
Оқои Ашӯриён зикр кард, ки бештар аз ҳама дар зиндонҳои Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳо ба 93 расидааст.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Посухи вазир ба суол дар бораи қонуни афв
Ҳамчунин вазири адлия қайд кард, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 6 шаҳрванди Чин ва 19 шаҳрванди Русия адои ҷазо мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ аз эълони шумораи умумии маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон худдорӣ кард ва гуфт ин аз рӯи қонунгузории Тоҷикистон иттилои махфист.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала