То 42 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина разливает воду на тротуар
Мужчина разливает воду на тротуар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, гармо дар ҷануби кишвар то 42 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Выставка Я, Энди Уорхол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Коршиносон шарҳ доданд, ки кадом ниқобҳоро дар гармӣ пӯшидан мумкин нест
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 20+25 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала