Амалиёти “Ҳавои тоза”: ВКД аз ронандаҳо хост, сӯзишвории пастсифатро истифода набаранд

© Sputnik / Стас ЭтвешСотрудник милиции в Таджикистане
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз баргузории амалиёти “Ҳавои тоза” хабар дода, афзуд, ки нисбати ифлоскунандаҳои ҳаво муҷозот татбиқ шуд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади ҳифзи ҳавои муҳити зист, пайваста дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳит амалиёти муштарак мегузаронанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров рейди муштараки “Ҳавои тоза” бо иштироки кормандони Шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд ва масъулини ҳифзи муҳити зист баргузор шуд.
“Гурӯҳи кории сафарбаргардида, давоми як соат 48 воситаи нақлиётро тавассути таҷҳизоти газченкунӣ аз ташхис гузаронида, нисбати 8 ронандае, ки воситаи наклиёташон ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ набуд, бо моддаи 230 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб доданд”, - омадааст дар иттилоия.
Пластиковый пакет на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2019
Дар Турсунзода 222 нафар барои ифлоскунии муҳити зист ҷарима шуданд
Таъкид шуд, дар таркиби дуди ихроҷшаванда аз мошинҳои ронандаҳои мазкур, моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд ошкор карда шудааст.
ВУД таъкид намудааст, ки ҳар як ронандаи нақлиёт пеш аз он ки сари идораи мошин нишинад, бояд ба ихроҷи дуднокӣ ва тозагии нақлиёт аҳамият диҳад.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки ронандаҳо бояд воситаҳои нақлиёташонро аз мунтазам аз ташхиси техникӣ гузарониданду аз сузишвориҳои пастсифат истифода набаранд. Дар акси ҳол ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарар расонда мешавад.
Масъулини милитсияи экологӣ ва сайёҳии вилояти Суғд мегӯянд, моҳе аз як то ду маротиба дар қаламрави вилоят амалиёти “Ҳавои тоза” гузаронида шуда, нисбати ронандаҳое, ки ба ҳолати техникии воситаи нақлиёти худ беэътиборӣ мекунанд ва ҳаворо заҳролуд месозанд, чораҷӯӣ карда машавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала