Гиряи модар баро писари аз даст додааш: ҳикояти наҷотёфтагон аз заминларза - видео

Обуна шудан
Оқибатҳои заминларзаи рӯзи шанбе ба ду ноҳияи Тоҷикистон зиндагии ороми зиёд сокинонро тагу рӯ кард
Заминларзае, ки субҳи рӯзи шанбе рух дод, кӯдакон қурбонаш шуданд. Риштаи ҳаёти чор ноболиғ 10 июл канда шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо сокинони ҷамоати Лангари Шоҳ, ки аз ларзиши бесобиқа ҷон ба саломат бурданд, суҳбат кард.
Яке аз занҳое, ки су, модаре буд, ки писарашро аз даст додааст.
Девору бомҳои фурӯрафта: навор аз даҳшати заминҷунбӣ дар Рашту Тоҷикобод
"Писарам гуфт, ки мехоҳад ба назди холааш равад, ман иҷозат додам рафт. Бегоҳ ба хоҳарам занг задам, то ӯро ба хона фиристад, аммо вай гуфт, ки аллакай торик шудааст ва субҳ ӯро мефиристам ..." , - гуфт сокини ҷамоати Лангари Шоҳ
Субҳ вақте заминларза рух медиҳад сутуни хона ба болои писар меафтад ва вақте ӯро аз зери харобаҳо берун меоранд ҷон медиҳад. Модар бо ашк ҳодисаро нақл мекунад, ашк гулугираш мекунад.
КҲФ шумораи умумии манзилҳои харобгашта аз заминҷунбиро эълон кард
Ду сокини дигари ҷамоати Лангари Шоҳ нақл карданд, ки зуд пас аз ҳолати фавқулодда ба онҳо кумак расонида шуд.
Онҳо илова карданд, ки мардуми оддии аз маҳаллаҳои гирду атроф ба бартарафсозии харобаҳо ва наҷоти одамон шитофтанд ва сипас ба қурбониён хӯрок ва манзили муваққатӣ доданд.
Дар маҷмӯъ, тақрибан 300 бино аз заминларза осеб дидааст.
Аз Роҳбияи 4-сола то Турони 70-сола: Эълони теъдоди фавтидаю маҷруҳон ва хонаҳои харобшуда
Аз ин шумор, дар деҳоти Саричашма ва ҷамоати Бӯстони Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод тақрибан 137 бино осеб дидаанд.
146 иншооти дигар дар ҷамоатҳои Ҳиҷборак ва Аскалони минтақаи Рашт осеб дидаанд. Инчунин гузориш дода мешавад, ки тақрибан 50 хона комилан хароб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0