Заминларза дар Тоҷикистон

КҲФ шумораи умумии манзилҳои харобгашта аз заминҷунбиро эълон кард

© Sputnik / Амир ИсаевВ Таджикистане в Раштском районе произошло землетрясение
В Таджикистане в Раштском районе произошло землетрясение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Танҳо дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод 123 хона зарар диданд, ки қисмати зиёди онҳо комилан харобу валангор шуданд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Аз заминҷунбии ахир дар Тоҷикистон дасти кам 8 деҳаи ноҳияи Тоҷикобод зарари ҷиддӣ диданд.
Илова бар ин, 5 қурбоние, ки ин офати табиӣ дар пай дошт, низ сокинони Тоҷикобод буданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, аз заминҷунбӣ манзилҳои сокинони деҳаҳои Саричашма, Бӯстон, Кӯли Боло, Сумандара, Лангари Шоҳ, Мазори Боло, Мазори Поён ва Анвари Қаландар баъзе қисман ва аксар ба пуррагӣ хароб гардиданд.
Манбаъ меафзояд, барои шинос шудан бо вазъият ва ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ, роҳбарони КҲФ, Агентии захираҳои давлатии моддӣ, Кумитаи сохтмону меъморӣ, Саридораи геология ва Сейсмологияи Академияи улуми Тоҷикистон аз ҷойи ҳодиса дидан намуданд.
Последствия землетрясения в Лангари Шох - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Рӯзе бидуни заминларза нест: такони дигарбораи замин дар Рашт
Ҳоло Ситоди ҷумҳуриявӣ барои бартараф намудани паёмадҳои заминларзаи мудҳиш созмон дода шудааст.
Ба маълумоти КҲФ, дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод дасти кам 123 хона аз заминҷунбии 5.9 балла хисорот диданд.
Илова бар ин, дар деҳаҳои Саричашма ва Бӯстон 137 хона зарар диданд, ки аз ин шумора 21 хона пурра ва 56 хона қисман вайрон шуданд.
Дар навоҳии Рашт бошад офати табиӣ 146 манзили сокинонро вайрон намуд.
Женщина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
"Вой ҷигарам сӯхт": навори нолаи як зан, ки фарзандашро дар заминҷунбӣ аз даст дод
Дар ҳамин ҳол, манбаъ меафзояд, сокинони зарардида феълан бо маводи ғизоӣ ва ниқобу антисептикҳо таъмин гардидаанд.
Ёдовар мешавем, заминҷунбии 5.9 балла рӯзи 10 июн Тоҷикистонро такон дод ва макони он наздикии ноҳияи Рашт арзёбӣ шуд. Бар асари ин офати табиӣ дасти кам 5 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон аз даст доданд.
Бояд гуфт, ки аз 10 июн ба ин сӯ ларзиши замин қариб ҳамарӯза эҳсос мешавад ва имрӯз, 13 июн низ ноҳияи Раштро заминларзаи 4 балла такон дод.
Лентаи хабарҳо
0