Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Маълум шуд, Лавров дар Душанбе чиро баррасӣ мекунад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Вазъият дар минтақа муташанниҷ боқӣ мемонад. "Толибон"* ҳамоно ҳамла мекунанду маконҳои навро забт менамоянд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе меравад ва рӯзҳои 13-14 июл дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай (Шӯрои вазирони СҲШ) ширкат мекунад.
Шарикон вазъи Афғонистонро, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА бад шудааст, инчунин омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони СҲШ, ки моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ мекунанд.
Рӯзи 14 июл мулоқоти алоҳидаи вазирони корҳои хориҷии ин созмон бо ҳамтои афғонашон Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар шакли Гурӯҳи тамосии СҲШ ва Афғонистон дар назар аст.
Намояндаи Кобул вазъи кунунии Афғонистонро арзёбӣ карда, дидгоҳи ҷониби Афғонистон оид ба ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ бо кишварҳои СҲШ дар шароити кунуниро ироа хоҳад кард.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Лавров ба Душанбе сафар мекунад
Интизор меравад, ки пас аз ин мулоқот вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ изҳороти муштарак қабул кунанд.
Ин ҷаласа марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ-ро, ки рӯзҳои 16-17 сентябр ба нақша гирифта шудааст, мекушояд.
Вазъи Афғонистон боиси нигаронии шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. "Толибон"* дар заминаи хуруҷи нерӯҳои Амрико фаъолтар шуданд.
П/к делегации политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Барои чӣ набояд ба ваъдаҳои "Толибон"* бовар кард: посухи сиёсатшинос
Ҷангиён ба шаҳрҳои калон ҳамла намуда, аллакай қаламравҳои назаррасро тасарруф кардаанд.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0