Марги нобаҳангоми футболбози тоҷик дар Русия

© FacebookБаҳодур Шарипов футболбози тоҷик
Баҳодур Шарипов футболбози тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Футболбози тоҷик дар синни 39-солагӣ дар Иркутск вафот кард
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Баҳодур Шарипов футболбози тоҷик рӯзи 12 июл дар Иркутски Русия вафот кардааст.
Дар ин бора дар гурӯҳи "Футболи Тоҷикистон" дар Facebook хабар дода мешавад.
Бино ба гузориши пешакӣ, Баҳодур дар паи расиши кӯтоҳи ноқил ҷон аз даст додааст.
Маълум нест, ки футболбози тоҷик дар Русия ба ҳайси кӣ кор мекард.
Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Занозании 200 муҳоҷир дар Маскав: бархе боздошт шуданду бархе захмӣ
Ёдрас мешавем, ки Баҳодур Шарипов солҳои зиёд дар футболи Тоҷикистон саҳм гузошта буд.
Ӯ собиқ ниммуҳофизи бошгоҳҳои "Артиш", "Энергетик", "Андиҷон", "Хуҷанд", "Вахш", "Регар-ТадАЗ", "Парвоз" ва "Хайр" буд.
Ҳамкасбони марҳум ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони ӯ изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0