Якеро мошин пахш карду дигаре ба худрав бархӯрд: фавти ду нафар бар асари садамаи нақлиётӣ

© Sputnik / Рамиз БахтияровМашина скорой помощи
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Бар асари ду сонеҳаи нақлиётӣ як ноболиғ ва як ҷавони 32 - сола ҷон аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат рух дод, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 12 июл, тахминан соати 04:40 дақиқа сар зад.
Гуфта мешавад, ронандаи 32 - солаи автомашинаи "Хундай Портер", сокини ноҳияи Файзобод асноги аз самти шаҳри Роғун бюа самти Ваҳдат ҳаракат карданд, дар ҳудуди деҳаи Ҷавонон бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба қафои автомашинаи "Хова" бархӯрд.
Ин автомашина аз они сокини 29 - солаи ноҳияи Рашт буд, ки дар канори роҳ бидуни ҳаракат меистод.
Cадама ва сӯхтори мошин бар асари бархӯрд ба дарахт дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Ронанда ва мусофирон дар дохили мошин сӯхтанд: садамаи маргбор дар Суғд
Манбаъ меафзояд, бар асари бархӯрд ронандаи 32 - сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
ВУД Тоҷикистон ҳамчунин аз як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷа кӯдаки 4 - сола ба ҳалокат расид.
Ин ҳодиса дар шаҳри Душанбе рух дод. Ронандаи 45 - сола соати 20:30 дақиқа автомашинаи худро дар болои нишебӣ гузоштааст, ки дар натиҷа он ба ҳаракат даромада, як хурдсоли 4 - соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аснои ба беморхона интиқол доданд, дар нимароҳ ҷон бохт.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ду ҳодисаи нохуш тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0