Заминларза дар Тоҷикистон

Девору бомҳои фурӯрафта: навор аз даҳшати заминҷунбӣ дар Рашту Тоҷикобод

Обуна шудан
Бар асари заминҷунбии 5.9 балла дар навоҳии Тоҷикобод ва Рашт шумораи зиёди сокинон бе манзили зист монданд
Заминҷунбии харобиовари рӯзи 10 июл дар ноҳияи Тоҷикобод дасти кам 5 қурбонӣ дар пай дошт. КҲФ дар мавриди қурбониён хабар дод, ки чор нафари онҳо кӯдакони аз 12 то 17 сола буданд. Илова бар ин 16 нафар нафар бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навореро нашр намудааст, ки дар он хонаҳои ба хок яксон шуда, девору бомҳои фурӯрафта сабт гардидааст.
Манзилҳое, ки КҲФ дар ин навор нишон медиҳад, аз деҳаҳои навоҳии Тоҷикободу Рашт гирифта шудаанд.
Дар навор маълум аст, ки аксар хонаҳо комилан хароб гардида, қисмати дигар сабуктар вайрон шудаанд, вале ба ҳар сурат зиндагӣ кардани дар ин хонаҳо ба эҳтимоли зиёд номумкин аст.
КҲФ шумораи умумии манзилҳои харобгашта аз заминҷунбиро эълон кард
Ба иттилои КҲФ аз заминҷунбии рӯзи 10 июл, танҳо дар деҳоти Лангари Шоҳ 123 хона вайрон шуданд.
Шумораи манзилҳои харобгардида дар Саричашма ва Бӯстон ба 137 адад мерасад, ки аз ин шумора 21 хона пурра ва 56 манзил қисман хароб гардиданд.
Дар навоҳии Рашт 146 хона хароб гардиданд.
Ларзиши заминҷунбӣ давоми се рӯз дар ин навоҳӣ эҳсос мешавад.
Рӯзи 13 июл дар ноҳияи Рашт боз замин ҷунбид, ки қувваи он ба 4 дараҷаи Рихтер баробар буд.
Лентаи хабарҳо
0