Пойгоҳи 201 барои дафъи ҳамлаҳои террористӣ омодагӣ мегирад: видео

© Пресс-служба ЦВОРоссийские и таджикские военнослужащие отбили атаку НВФ и заблокировали его в горах на совместном учении в Таджикистане
Российские и таджикские военнослужащие отбили атаку НВФ и заблокировали его в горах на совместном учении в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Низомиёни Русия дар Тоҷикистон ба сенарияи бадтарини рӯйдодҳои Афғонистон омода мешаванд
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Тибқи гузориши шабакаи телевизионии "Звезда", низомиёни пойгоҳи 201-умии Русия мутақар дар Тоҷикистон барои дафъи ҳамлаҳои террористӣ машқҳо мегузаронанд.
Тирандозони Русия чанде пеш амалиётеро барои ҳифзи пойгоҳи низомӣ аз ҳамлаи террористони шартӣ анҷом доданд.
Ба туфайли омодагии ҳаррӯза, ҳайати низомии пойгоҳ ҳар лаҳза ба муборизаи воқеӣ омода аст.
Дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 1" машқҳо ва тирандозии танкчиёни Русия намоиш дода шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар пойгоҳи 201-ум танҳо сарбозони шартномавӣ хидмат мекунанд: бисёре аз онҳо дар Сурия сафари корӣ доранд ва ин таҷрибаи воқеии ҷангист.
Аз замони фаъол шудани Толибон* дар Афғонистон, пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар ҳолати омодабош қарор дошт:
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Туркманистон маълумот дар бораи кашидани нерӯҳояш ба марзи Афғонистонро рад кард
Ҳафтаҳои охир тақрибан ҳамаи воҳидҳо машқҳо баргузор карданд. Масалан, зенитчиён зарбаи мушакии душманро дафъ карданд ва охири ҳафтаи гузашта экипажҳои тонкҳо ва зиреҳпӯшҳо бо дастгирии артиллерия дар қаторкӯҳҳо ҷанги омӯзишӣ гузаронданд.
* - ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0