Раҳмон гуфт, ҳама медонанд кӣ ҳуҷум кард: парванда алайҳи низомиёни қирғиз

© Sputnik / Амир ИсаевГенпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳонаи охири моҳи апрел дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бо ишора ба айби ҷониби низомиёни қирғиз дар даргирии мусаллаҳона гуфт, ин ба ҳама маълум аст.
"Ҳуҷумро кӣ сар кард ва натиҷа чӣ шуд, ба ҳамаи шумо маълум аст", - изҳор дошт Раҳмон дар суҳбат бо хабарнигорон.
Ӯ афзуд, ки барои куштори тоҷикистониён аз ҷониби низомиёни қирғиз, парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
"Ман шахсан супориш додам, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудем. Вобаста ба куштори шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ҳоло идома дорад", - изҳор дошт Юсуф Раҳмон.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тирпарронии сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон: ду нафар захмӣ шуд
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала