Дар Рӯшони ВМКБ сел омад: чандин хона тахриб шудааст

© акс аз сомонаи ВУД ТоҷикистонТахрибкории сел дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи ВУД Тоҷикистон дар Варзоб
Тахрибкории сел дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи ВУД Тоҷикистон дар Варзоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Боронгариҳои зиёд дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ муҷиб ба фаромадани сел гардид
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел фаромадаст.
Хабари фаромадани сел дар ин ноҳияро корбари фаъоли Facebook Музаффари Имомдод дар сафҳаи худ гузоштааст.
Ба нақли Музаффар, сел аз боронгариҳои зиёд фаромадааст ва феълан низ боришоти борон дар ин ноҳия идома дорад.
Як сокини ҳамин ноҳия бо номи Наим дар пахши мустақим, ки Музаффар аз ҷойи ҳодиса нашр намудааст, мегӯяд, хушбахтона ягон нафар бар асари ин офати табиӣ қурбон нашудааст.
"Чанд хона вайрон шудааст ва сел ҳоли ҳам фаромада истодааст", - мегӯяд ин сокини маҳаллӣ.
Аз навор маълум аст, ки роҳи ин деҳа феълан масдуд аст ва дар ҷойи ҳодиса техника ба тоза кардани масир идома медиҳанд.
Феълан КҲФ аз сар задани ин офати табиӣ маълумоте нашр накардааст ва маълум нест, ки ин селхезӣ чӣ қадар зарар ба сокини Шуҷанди ноҳияи Рӯшон овардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз ин офати табиӣ рӯзи 11 май дар вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ зиёни молию ҷонӣ расонида шуд.
Мавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Мақомот зарари сел дар Кӯлобро 4 миллион доллар арзёбӣ кард
Бар асари фаромадани сел, дасти кам 9 нафар ҷон бохтанд.
Мақомоти Тоҷикистон зарари селхезӣ дар шаҳри Кӯлобро 4 миллион доллар арзёбӣ карданд.
Пас аз сар задани ин ҳодисаи нохуш ва бехонаву дар мондани чандин сокинон, раисиҷумҳур ба масъулону Ситоди ҷумҳуриявӣ супориш дод, ки дар муддати кӯтоҳ ҳамаи зарардидаҳо бо манзили дорои тамоми шароитҳои лозима таъмин карда шаванд.
Ҳоло як қатор сокиноне, ки комилан манзилҳои худро аз даст доданд, бо хона таъмин гардиданд ва сохтмони манзилҳо барои боқиманда зарардидаҳо идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала