Дар Суғд ба маблағи 9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешАлюминиевый завод "ТАЛКО-КРАНТАС" в городе Турсунзаде
Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Давоми шаш моҳи соли равон дар Суғд ба маблағи 8 миллиарду 976 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бо назардошти индекси нархҳо 133,2 фоиз бештар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад. ки дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд.
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон каму содироташ зиёд шудааст
Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июн ба миқдори 664,5 ҳазор тонна семент ва 722,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 116,2 ва 103,8 фоизро ташкил намудааст.
Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 140,6 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 105,7 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2835,8 тонна калоба ва 3608,8 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудаанд.
Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 6 моҳи соли 2021 ба миқдори 253,1 ҳазор тонна орд ва 1955,3 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст.
Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Тоҷикистон дар ду моҳ 700 ҳазор тонна семент истеҳсол кард
Тибқи иттилои манбаъ, ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди беш аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Давоми 6 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 61 корхонаву коргоҳҳои нав бо 475 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Тибқи нақша бошад, дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала