Таъйини сардорони милиса дар навоҳии марзӣ бо Қирғизистону Афғонистон бо розигии Раҳмон

© маҷаллаи "Сафо"-и ҳукумати ХатлонПолковник Набиҷон Исозода, сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара
Полковник Набиҷон Исозода, сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон сардори идораи милисаи шаҳри Исфара, минтақаи марзӣ бо Қирғизистонро таъйин кард
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Полковник Набиҷон Исозода, сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара таъйин карда шуд. Ӯ дар ин мақом генерал Нурулло Орифзодаро иваз намуд, ки ахиран ба роҳбарии шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар таъйин гардид.
Аз Вазорати умури дохилӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки инчунин полковник Фирдавс Шоҳмадзода сардори идораи милисаи шаҳри Ваҳдат таъйин гардид.
Манбаъ афзуд, ки сардорони милиса дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, ШВКД –и рақами 1-и ноҳияи Шоҳмансур, ШВКД 1 ва 2 – и шаҳри Исфара иваз гардиданд. Феълан ному рутбаи бархе аз сардорони навтаъйини милиса дар шаҳру навоҳӣ дастрас нест. Масъулини ВУД Тоҷикистон мегӯянд, ин тағйироти маъмулии кадрӣ аст, ки ҳар сари вақт дар ин ниҳод амалӣ карда мешавад.
Генерал Нурилло Орифзода (Справа) и генерал Искандарзода Мухаммадшох (слева) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Барканорию мақоми нави генерал Орифзода, ки ба ҷои Шоҳ Искандар таъйин шуда буд - акс
Шаҳри Исфараи Тоҷикистон, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир мебошад, яке аз маконҳои асосии сар задани муноқишаҳои марзӣ бо сокинони ҷумҳурии ҳамсоя арзёбӣ мегардад.
Полковник Исозода Набиҷон Исои 44-сола, ки ба мақоми шуъбаи корҳои дохилии рақами яки Исфара таъйин гардид, аз соли 1997 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад ва то таъйиноти наваш сардори милисаи шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон буд.
Исозода солиёни зиёд дар мақомҳои гуногун аз ҷумла дар вазифаи сардори ШКД – и хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0