Рӯзе бидуни заминларза нест: такони дигарбораи замин дар Рашт

© Sputnik / Амир ИсаевПоследствия землетрясения в Лангари Шох
Последствия землетрясения в Лангари Шох - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод, ки онро пойгоҳҳои зилзиласанҷии байналмилалӣ сабт кардаанд
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Субҳи барвақт дар Тоҷикистон дар минтақаи Рашт заминларзаи дигар рух дод, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Аврупо - Баҳри Миёназамин.
Ларзиши замин соати 06:08 ба вақти маҳаллӣ сабт карда шудааст.
Гуфта мешавад Заминларза 4 балл буда, дар умқи тақрибан 5 километр рух додааст.
Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон низ заминҷунбии Тоҷикистонро сабт кардааст.
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Се такон дар Рашт: шумори заминҷунбӣ зиёд мешавад
Қайд карда мешавад, ки маркази зилзила дар масофаи 163 километрии ҷануби Қӯқанди Ӯзбекистон ҷойгир буд, аммо қувваи заминларза дар қаламрави давлати ҳамсоя эҳсос карда нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора то ҳол шарҳе надодааст. Дар бораи талафот ва оқибатҳои он низ гузориш дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон заминларзаи мудҳиш рух дод, панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак ҷон бохтанд ва даҳҳо хонаи хусусӣ осеб диданд.
Последствия землетрясения в Лангари Шох - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Аз Роҳбияи 4-сола то Турони 70-сола: Эълони теъдоди фавтидаю маҷруҳон ва хонаҳои харобшуда
Маврид ба зикр аст, ки 10-уми июл дар 165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт, заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда расман иттилоъ дод, ки бар асари ин заминларза 5 нафар сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, 16 нафар маҷруҳ шуда, феълан дар беморхонаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала