Баъди занозании тоҷикону қирғизҳо: 15 июл "суҳбати мардона" таъйин шуд

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака болельщиков, архивное фото
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Занозанӣ назди метрои "Кузминки" миёни муҳоҷирони тоҷику қирғиз сар зад. Феълан намояндагони ду кишвар дар Русия, рӯзи 15 июл барои "суҳбати мардона" гирд меоянд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз занозании оммавӣ дар назди метрои "Кузминки" сари мизи гуфтушунид менишинанд. Дар ин бора роҳбари фонди "Рушди муҳоҷират" Гулзина Маматахунова ба "Мослента" хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, гуфтушунид рӯзи 15 июл баргузор хоҳад шуд.
"Фонди мо аввалин шуда пешниҳоди ташкил кардани мизи музокирот намуд. Мутаассифона ман дар ин гуфтугӯ иштирок карда наметавонам, чун ин "суҳбати мардона" хоҳад шуд", - изҳор дошт роҳбари фонди мазкур.
Автомобили полиции и скорой медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Фарзияи нави занозании муҳоҷирон дар "Кузминки": ду қирғизро тоҷикон корд заданд - навор
Ӯ пешниҳод намуд, ки ба чунин ҳодиса бояд диққати созмонҳои ҷамъиятиро ҷалб кард, то аз такрори онҳо ҷилавгирӣ шавад.
"Набояд ба чунин шакл дар Русия ҷамъ омад. Охир ин ҷо ҳама барои кор мебиёянд на куштани ҳамдигар", - илова намудааст Маматахунова.
Ёдовар мешавем, дар назди метрои "Кузминки" миёни муҳоҷирони Тоҷикистону Қирғизистон занозании оммавӣ сар зад, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони милиса 102 нафар боздошт шуданд.
Феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0