Аз белу каланд ба автомат: деҳқону ронанда дар хати набард бо Толибон

Имрӯзҳо ҳазор нафар мардуми одии Афғонистон ба дасти худ силоҳ гирифтанд, то ба ҷангҷӯёни Толибон муқовимат нишон диҳанд
Дар баробари сарбозони афғон ҳазорҳо мардум бар ҷои белу каланд ба дасти худ силоҳ гирифтанд ва дар баробари нерӯҳои амниятӣ ба ҷангҷӯёни Толибон* муқвимат нишон медиҳанд.
Мардуми Афғонистон мегӯянд, ки то дар Афғонистон вазъ ором нашавад мардум ба зиндагии осоишта баргашта наметавонанд. Аксари нафароне, ки дар хати набард ҳастанд пеш ба деҳқониву ронандагӣ, муаллимиву ошпазӣ машғул буданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз макони набард бо Толибон хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон* муқовимат идома дорад.
Толибон* то имрӯз, минтақаҳои назаррасро дар деҳот забт карда, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунанд.
* - ҷунбиши манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала