Борону раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© PxhereМытье рук в чистой воде
Мытье рук в чистой воде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад. Дар Суғд борон мебораду дар вилояти Хатлон ҳаво то 42 дараҷа тафсон мешавад
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз ҳам дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то +21 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбанда мешавад ва борони кутоҳмуддат борида раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳои Суғд то +38 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +42 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +34 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Борони кутоҳмудат мебораду раъду барқ мешавад. Ҳаво дар водиҳо то +40 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон намеборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала