Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Боярский овозаҳо дар бораи бистарӣ шуданаш бо COVID - ро рад кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкАктер Михаил Боярский
Актер Михаил Боярский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки Боярский мубталои коронавирус шудааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳунарманди халқӣ Михаил Боярский гузориши шабакаи телевизионии "Звезда" дар бораи бистарӣ шуданаш бо аломатҳои COVID - ро рад кард.
Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки ҳунарманд дар яке аз бемористонҳои Маскав бистарӣ шудааст.
"Маълумоти шумо дуруст нест!" - гуфт ӯ дар суҳбат бо шабакаи телевизионӣ.
Тавре, намояндаи Боярский ба РИА Новости гуфтааст, ҳунарманд феълан дар хона аст ва худро хуб эҳсос мекунад ва танҳо чун сироятшуда гумонбар мешавад.
Ёдрас мешавем, ки Боярский моҳи январи имсол алайҳи коронавирус ваксин гирифт, аммо дақиқан як моҳ пас бо нишонаҳои ин дард ба бемористон интиқол ёфт.
Актер Михаил Боярский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Боярский мубталои коронавирус шуд: ӯро ба бемористон интиқол доданд
Ҳарчанд он замон ташхиси ӯ, мариз буданашро ба коронавирус таъйид накард.
Ҳунарманди мардумии Русия 71 сол дорад ва дар бисёр филмҳои машҳур нақшҳои муассир бозидааст.
Ҳамчунин, ӯ дасти кам 600 суруд сароидааст, ки маъмултарини онҳо "Зеленоглазое такси", "Все пройдет" ва дигарҳо мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0