COVID-19: марги боз 7 469 нафар дар ҷаҳон, ки 3 нафари онҳо аз Тоҷикистон буданд

© AFP 2023 / CARL DE SOUZAПохороны человека умершего от заражения вирусом
Похороны человека умершего от заражения вирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Шабонарӯзи гузашта, тибқи омори расмӣ се сокини Тоҷикистон низ аз коронавирус даргузаштанд
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар олам 372 970 мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва 7469 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Шумори умумии гирифторон ба COVID-19 дар олам ба 187 миллиону 086 ҳазору 096 нафар расидааст. Бар асари ин касалии ҳамагир то кунун ҳудудан 4 миллиону 43 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳапкинз чун пештара ИМА (бо беш аз 34 млн), Ҳинд (бо беш аз 30,9 млн) ва Бразилия (бо беш аз 19,1 млн) се кишвари пешсаф дар шумори бештари сироятёфтагон мебошанд.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус профессор Саъдулло Исломовро ҳам кушт
Баъдан Русия ва Фаронса, Туркия, Британия Кабир чун чор кишвари дигари сермубтало ба қайд гирифта шудаанд. Омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ тақрибан ба ҳамин омор монанд аст.
Дар Аргентина шабонарӯзи гузашта 20 023 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва шумори умумии гирифторон дар ин кишвар ба 4 682 960 расидааст. Шабонарӯзи гузашта 387 фавт сабт шуда, теъдоди умумии ҷонбохтагон аз аввали пандемия ба 99 640 нафар расидааст.
Дар Олмон барои гурӯҳҳои ҷудогонаи одамон ваксинатсияи ҳатмӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Дар қаламрави Британияи Кабир зарфи як шабонарӯзи гузашта боз беш аз 36 ҳазор мубтало ба коронавирус сабт шуд. Дар Туркия шабонарӯзи гузашта 5404 ва дар Эрон 22 750 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Се ҳолати марг ва 43 бемори нави коронавирус - омори вазорат
Шумори умумии мубталоён дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба 3 417 029 нафар расида ва аз COVID-19 86 207 ҷон бохтаанд. Дар як шабонарӯз дар Русия аз COVID-19 780 нафар ҷон додаанд. Шумори гирифторон дар Қазоқистон 462 417 ва фатидагон 4 716 нафар эълон шудааст.
Қирғизистон аз сирояти 142 270 нафар ба Covid-19 хабар дод. Теъдоди фавтидагон аз аввали ҳам агирӣ 2 123 нафар эълон шудааст. То 14-уми июл дар Ӯзбекистон 116 918 чун мубтало ба коронавирус сабт шуданд ва шумори умумии фавтидагон 778 нафар эълон шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 43 ҳолати гирифторӣ ба КОВИД-19 дар кишвар хабар дод.
Ин манбаъ гуфт, ки 28 нафар баъди шифо аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Ҳамчунин 3 нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Дар хабари манбаъ омадааст, ки дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 13 июл дар кишвар 13911 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13581 нафар (97,6%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 107 нафар фавтидаанд.
Даргузашти Абдуқаҳҳор Қодиров, мураббии варзида  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Даргузашти устоди варзиш аз бемории коронавирус дар Хуҷанд: марҳум 56 - сол дошт
Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0