Давлатзода дар бораи вазъи марз ва хисороти расида аз муноқишаи моҳи апрелӣ бо қирғизҳо

© Sputnik Зафарбек Давлатзода
Зафарбек Давлатзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаҷми хисороти расида аз муноқишаи марзии охири моҳи апрел ба сокинони ин ноҳияро гуфта, вазъи феълӣ дар сарҳад бо Қирғизистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, тақрибан ҳамарӯза бо раиси ноҳияи ҳамсарҳад - Лейлаки Қирғизистон дар тамос буда, масоили ҷориро баррасӣ мекунанд. Ӯ изҳор дошт, ки ҳоло вазъи сарҳад бо Қирғизистон муътадил мебошад.
Зафарбек Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди хисороти расида аз муноқишаи марзии рӯзҳои охири апрел дар ин ноҳия гуфт, дар ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ – Қалъачаи ноҳия чанд иморату иншоот тахриб шуда, зиёни расида 57 ҳазору 791 сомонӣ ҳисоб шуд.
“Ин маълумот аз ҷониби идораи ҳолатҳои фавқлоддаи ноҳия ба мо пешниҳод шудааст. То имрӯз бо кумаки ҳукумат ва соҳибкорону саховатмандон зарари расида барқарор карда шудааст”, - гуфт Давлатзода.
Бино ба иттилои Давлатзода ду ҷамоати калонтарини ноҳияи таҳти идорааш Хистеварз бо Лайлаки Қирғизистон 22, 5 километр ва Овчӣ – Қалъача 18, 4 километр марзи мушатарак доранд.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, мақомоти Тоҷикистон хисороти расида аз муноқишаи марзӣ ба шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро беш аз 12 миллион сомонӣ ё наздики 1, 5 миллион доллари амрикоӣ ҳисоб кардаанд.
Афганская женщина с тремя детьми  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Фаврӣ: КДАМ аз фирори 77 қирғизи Афғонистон ба Мурғоб хабар дод
Бори ахир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” воқеъ дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар дар марзи миёни Исфарва, ноҳияи Бобоҷон Ғафуро ва Лейлак печид. Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти тоҷику қирғиз дар дар рух додани ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала