Дуздӣ дар ширкати "Талко": ғоратгарон худи кормандони ин корхона буданд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикский алюминиевый завод Талко
Таджикский алюминиевый завод Талко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Ду корманди ширкати алюминии "Талко" ба маблағи 17 380 сомонӣ ба корхона зарар расонданд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар "Ширкати алюминии тоҷик" ҷинояти дуздӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз корхонаи мазкур 11 ҳазор кило оҳанпора дузди шудааст.
Зимнан, пас аз анҷом додани корҳои тафтишотӣ, кормандони милиса ду муттаҳам дар содир намудани ин ҷиноятро боздошт карданд.
Ҳар ду боздоштшудаҳо кормандони 41 ва 36 - солаи "Ширкати алюминии тоҷик" мебошанд, ки яке сокини Ҳисор ва дигаре аз шаҳри Турсунзода аст.
"Номбурдагон, нисфирӯзи 30 июн, тақрибан соати 14:00 дақиқа бо роҳи пинҳонӣ бо воситаи автомашинаи хизматии "Камаз", ки ба ин корхона тааллуқ дорад, 11 000 кило оҳанпораро дуздидаанд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Гуфта мешавад, бо ин амали худ гумонбарон ба корхонаи мазкур 17 380 сомонӣ зарар расонданд.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Дуздӣ карданд: додгоҳ ҳукми се хизматчии ҳарбиро эълон кард
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала