Нишондоди Гадоев дар бораи қатлу таҷовузи Руфейда – видео

© Фотки предоставлены Гулсун ИноятовойРуфейда Иноятова
Руфейда Иноятова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Раҳматулло Гадоев, муттаҳами 30-сола дар қатлу таҷовузи духтарчаи ҳамсояаш Руфейда Иноятоваи 8-сола, лаҳзаҳои ҷинояти мудҳишро нақл кард
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Раҳматулло Гадоев дар гузориши ВУД нақл мекунад, ки баъди дастдарозӣ ба номусу куштор ҷасадро ба ҳоҷатхона партофтааст. Назари бевоситаи муттаҳам дар бораи қазия феълан дастрас нест.
Бар асоси навори шоҳидии Гадоев, ки пораи он дастраси Sputnik Тоҷикистон шуд, ӯ нақл мекунад, ки духтарча баъди буғию дастдарозӣ боз аз ҷой хестааст, аммо муттаҳам бо истифодаи корд корашро ба охир расондасту ҷасадро дар ҳоҷатхона партофтааст.
ВУД дар гузориши пурра, иттилоъ дод, ки Гадоев дар ҳолати мастӣ қарор доштаасту Руфейда ба хонаи ӯ пеши духтараш, барои бозӣ омадааст. Таъкид шудааст, ки он рӯз низ Руфейда чун пештара пеши дугонааш рафт, аммо дар хона Гадоев танҳо дар ҳолати мастӣ будаст. Мақомот мегӯянд, муттаҳам бо истифода аз он, ки дар хона касе набудааст, бо номуси духтарчаи ноболиғ дастдарозӣ карда, ӯро ба қатл расондасту ҷасадро дар ҳоҷатхона пинҳон намудаст. Масъулини ВУД мегӯянд, бо вуҷуди мастӣ ӯ аъмолашро дарк мекардааст, чун талоши пинҳон намудани иззи ҷиноят кардааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, парванда аз рӯи қатлу таҷовузи Руфейдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.
Ба иттилои додситонӣ, аз рӯи ин ҳолат нисбати Гадоев бар асоси моддаҳои 138 - таҷовуз ба номус ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд.
"Кушту ба хонаи занаш гурехт": бибии Руфейда фарзияҳои ифшоношудаи қатли набераашро гуфт
Ҳодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки 4 июли соли равон рух додааст, аз масоили пурбаҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Наздикони Руфейда ва мақомот ҳамсояи хонаводаи ҷабрдида дар ноҳияи Рӯдакӣ, Раҳматулло Гадоевро муттаҳам медонанд. Назари бевоситаи Гадоев ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0