Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Замони эҳтимолии поёни ҷанги "Толибон" дар Афғонистон маълум шуд

© REUTERS / OMAR SOBHANIВооруженный человек, выступающий против восстания талибов
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Танишҳо дар Афғонистон, ки ҳамакнун идома доранд, метавонанд тақрибан ду моҳи дигар давом кунанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Замир Кабулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон, директори департаменти Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки "мавсими ҷанг" дар Афғонистон ду моҳ идома хоҳад ёфт, хабар медиҳад РИА Новости.
Тибқи пешгӯиҳои Кобулов, дар ин муддат "Толибон"* метавонад боз чанд вилояти дигарро таҳти назорат бигирад, аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо оғоёни соҳибихтиёри кишвар мешаванд.
"Ин танҳо маънои онро дорад, ки мардуми Афғонистон барои худхоҳии мақомот пардохт мекунанд. Зеро мардум азият мекашад, на онҳое, ки дар қасрҳо нишастаанд", - гуфт Кабулов.
Ӯ таъкид кард, ки ҳукумати Афғонистон ва дигар нерӯҳои сиёсии ин кишвар бояд бо "Толибон" гуфтушунид оғоз кунанд ва он бояд бо таъсиси ҳукумати гузариши эътилофӣ ба поён расад.
"Зарур аст, ки дар кишвар ягон вакууми сиёсӣ, бесарусомонӣ ба вуҷуд наояд, маъмурияти муштарак лозим аст, ки амалиёти ҷангиро боздорад ва ба ҳалли як қатор мушкилот шурӯъ кунад", - гуфт Замир Кабулов.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* муқовимат идома дорад.
"Толибон" то имрӯз, минтақаҳои назаррасро дар деҳот забт карда, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунанд.
П/к делегации политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Барои чӣ набояд ба ваъдаҳои "Толибон"* бовар кард: посухи сиёсатшинос
* - ҷунбиши манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала