Иди Қурбон дар Тоҷикистон бо намози дастаҷамъона доир мешавад

© Sputnik / Амир Исаев, STR / Гузариш ба медиабонкПразднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон расман санаи таҷлили Иди Қурбонро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, субҳи имрӯз ҷаласа Шӯро доир гашт, ки дар санаи таҷлили ид 20 июл тасдиқ шуд.
Ба иттилои манбаъ, намози дастаҷамъона доир мешавад, ки замони баргузории он соати 6:30 муаян карда шуд.
Гуфта мешавад, имомхатибон вазифадор гаштаанд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, илмомӯзии наврасону ҷавонон, ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.
Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021 
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2020
Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021
Ёдовар мешавем, соли гузашта бинобар вазъи ногувори пандемия дар кишвар намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон доир нагашт.
Моҳи майи соли ҷорӣ бошад намози Иди Рамазон бинобар беҳ шудани вазъ доир гашт, аммо мақомоти тоҷик баъди беш аз панҷ моҳ санаи 21 июн дигарбора аз хуруҷи коронавирус дар кишвар хабар доданд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0