Ҷузъиёти занозании муҳоҷирон дар Маскав ва масъалаи ихроҷи онҳо аз Русия

© Sputnik / Наталья СеливерстоваАвтомобили полиции и скорой медицинской помощи, архивное фото
Автомобили полиции и скорой медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Феълан додгоҳ қарори ихроҷ намудани ҳамаи муҳоҷироне, ки пас аз занозании оммавӣ дар Маскав боздошт шуданд, набаровардааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Жиргалбек У.К. яке аз даҳҳо муҳоҷире, ки дар пайи ноором кардани вазъият назди метрои "Кузминки" боздошт шудааст, мегӯяд аслан дар ин муноқиша иштирок накард ва танҳо аз пайи кори худ бо ҳамин масир равон буду аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуд, менависад РИА Новости аз қавли ин муҳоҷири боздоштшуда.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дасти кам 102 шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгир ва дар бозоштгоҳҳои пойтахт нигаҳдорӣ мешаванд.
Додгоҳ ҳам то ҳол қарори дахлдор дар мавриди ихроҷ кардани ҳамаи боздоштшудаҳоро набаровардааст.
Манбаъ меафзояд, дар ин занозанӣ аслан шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Туркманистон иштирок карданд.
Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Занозании тоҷикону қирғизҳо дар Маскав: 100 муҳоҷир боздошт шуду шаш касро ҳабс карданд
Ҳарчанд қаблан танҳо аз иштироки шаҳрвандони тоҷику қирғиз хабар дода мешуд.
Манобеи РЕН-ТВ як рӯз қабл навишта буд, ки занозанӣ пас аз он сар шуд, ки рӯзи 11 июл дар қаламрави Химки ду муҳоҷири қирғиз аз дасти тоҷикон корд хӯрданд. Ва сипас бегоҳи рӯзи 12 июл назди метрои "Кузминки" намояндагони ду кишвар барои равшанӣ андохтан ба асли воқеа ҷамъ омаданд.
Аммо гирд омадани онҳо боиси масдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар ин масир ва ҳамзамон сар задани бетартибиҳо шуд, ки дар натиҷа кормандони пулис 102 нафарро боздошт карданд. Ҷамъан дар ин занозанӣ зиёда аз 200 нафар ширкат варзиданд.
Рӯзи гузашта роҳбари Созмони ҷамъиятии "Рушди муҳоҷират" ҳам изҳор дошт, ки нофаҳмӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон сар зад ва рӯзи 15 июл гӯё миёни намояндагони ин ду кишвар "суҳбати мардона" баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала