Муҳоҷирон ором намешаванд? муноқишаи дигар, шабона дар Одинтсово

© Фото : Юрий ТрофимовПоказательное ограбление: учения в институте вирусологии в Москве
Показательное ограбление: учения в институте вирусологии в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Даҳҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дубора занозань карданд, ин бор дар Одинтсово. Мақомот натавонист онҳоро дастгир кунад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар Одинтсово занозании оммавӣ бо ширкати ҳадди аққал даҳ муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба як манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав хабар медиҳад, ки гузориш дар бораи муноқиша дар кӯчаи Кутузовскаяи Одинтсово шаби 14 июл ду маротиба ба онҳо расидааст.

"Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса рафтанд, аммо аз муноқиша дараке набуд. Сабаби занозанӣ ва ҷабрдидагон муайян карда мешавад", - гуфтанд дар Раёсат.

Инчунин маълум аст, ки иштирокчиёни задухӯрд бо мошин ба самти номаълум фирор карданд ва аз рӯи ин далел санҷиш гузаронида мешавад.
Занозании 200 муҳоҷир дар Маскав: бархе боздошт шуданду бархе захмӣ
Хотиррасон мекунем, ки шаби 13 июл дар назди истгоҳи метрои Кузминки дар Маскав занозании оммавӣ рух дод.
Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Занозании тоҷикону қирғизҳо дар Маскав: 100 муҳоҷир боздошт шуду шаш касро ҳабс карданд
Дар он задухӯрд тақрибан 200 нафар аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат карданд.
Дар паи ин ҳодиса беш аз 100 муҳоҷир боздошт шуда, шаш нафарашон ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс шуданд.
Пулиси Маскав аз занозании оммавии муҳоҷирон огоҳ буд
Муҳоҷирони боқимонда то мурофиаи додгоҳӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешаванд ва агар ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аз Русия депорт мешаванд. Зиёда аз ин, вуруди онҳо ба кишвар маҳдуд карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0