Офати табиӣ аз Рӯшон то Нурободу Айнӣ чӣ хисорот овард

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиСелевой поток в Таджикистане
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Селхезии шабонарӯзи гузашта чандин манзилу заминҳои наздиҳавлигиро хароб намуда, дар баъзе минтақаҳо роҳҳои мошингузарро низ шуст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бар асари боронгариҳо ва ҳавои тафсон, ки боиси баланд шудани сатҳи оби рӯду кӯлҳо гардид, дар Тоҷикистон селхезӣ сурат гирифт.
Офати табиӣ ҳам ба сокинони ВМКБ, Суғд ва ҳам сокинони навоҳии тобеи марказро домангир намуд.
Аз ҷумла, нисфирӯзи 13 июл дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел фаромад, хабар медиҳад КҲФ.
Сел дар як муддати кӯтоҳ роҳи мошингардро баст. Ҳамзамон 7 хонаи истиқоматиро вайрон ва ба 16 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд.
Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Навори сели харобиовар дар деҳаи Шуҷанди ВМКБ: хисорот ҳоло номаълум аст
Зимнан, тақрибан пас аз 1,5 соат сел дар ноҳияи Нуробод, деҳаи Муҷихарф ҳам фаромад. Дар ин ҷо 5 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои корам аз лойоба пур шуданд. Илова бар ин, сел ду мошинро комилан шуст.
КҲФ мегӯяд, сел дар деҳаи Оҳангарони ин ноҳия роҳро масдуд кард ва дар деҳаи Комсомолобод бошад, ду пули аҳамияти маҳалидоштаро хароб гардонд.
Ҳамзамон, манбаъ аз фаромадани сел дар ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ хабар медиҳад. Дар ин навоҳӣ низ селоба роҳи байни шаҳракро муваққатан масдуд кард.
КҲФ мегӯяд, бар асари ин офати табиӣ дар ягон ноҳияи офатзада талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала