Отаҷон мутмаин бошед, ҳама омода ҳастем биҷангем: дастури маршал Дӯстум ва ваъдаи писараш

Маршал Дӯстум дар як занги телефонӣ аз Туркия аз сарбозону афсарони худ, ки имрӯзҳо дар қатори нерӯҳои амниятӣ ҳузур доранд ва бо Толибон меҷанганд изҳори сипос кард
Абдурашид Дӯстум гуфт, дар майдон мағрур нашавен ва хеле бо диққат бошен. Аҷала накунен, бонен, ки Толиб наздик шаванд пасон бизанедшон.
Ягона маршали Афғонистон, дар як наворе тарици телефон мегӯяд, ки мардуми Афғонистон ба хотири ҳаққу ҳуқуқ, дифоъ аз номус миллӣ ва ҷуғрофиёи кишвар ва барои таъмини адолати иҷтимоӣ бо душман меҷангад ва дар ин ҷанг баранда хоҳад шуд.
Маршал таъкид кардааст, шимол ва шимол шарқи Афғонистон ба ҷаҳаннами Толибон табдил хоҳад шуд.
“Борҳо мегуфтем, ки як ҷанг дар оянда дорем. Мегуфтем бачаҳо дар ёдатон бошад дар пеш як ҷанг дорем. Мо ба хоири ҳақ меҷангем. Ба хотири Ватани худ, ба хотири номусу адолатии худ меҷангем. Худованд бо касонест, ки ба хотири ҳақ меҷанганд”, таъкид дошт Дӯстум.
Маршали афғон аз фармондеҳоне, ки дар хати ҷанг ҳастанд ва имрӯзҳо бо Толибон меҷанганд хост, бо ҳам муттаҳид шаванд, дасти як дигарро гирифта алайҳи душманон биҷанганд ва фиреби душманони хуношомро нахуранд.
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Маршал Дӯстум ба сарбозон: аз ҳар имконият барои муқобила бо гурӯҳи Толибон кор бигиред
Дар ҳамин ҳол, писаи Маршал Дӯстум ба падараш ваъда дод, ки ҳама омода бар ҷанг ҳастанд ва ӯ мутмаин бошад, ҳар нафар барои миллату ватани худ ҷони худро қурбонӣ хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки маршал Дӯстум, ки чанд ҳафта қабл дар хати нахусти набард дар Ҷӯзҷон ҳузур ёта буд, ахиран ба Туркия сафар кардааст.
Хабар дода мешавад, ки маршал Дӯстум ва писари калонии ӯ Ёрмуҳаммад Дӯстум дар ҷараёни ҳузур дар хати нахусти набард масмум (заҳролуд) шудаанд.
Манбаъҳои наздик ба маршал Дӯстум аммо то кунун дар ин бора чизе нагутаанд.
Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Маршали узбектабори Афғонистон Абдурашид Дӯстум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Сӯиқасд ба Дӯстум ва писараш: харбузаи заҳрдорро ба онҳо кӣ дод?
Ҳамин тавр, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд, ки миёнашон чаҳор захмӣ ва як ҳалокшуда буд.
Бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, артиши Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон хидмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала