Раҳмон: Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон, тадбирҳои таъхирнопазир меандешад

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Кишвардори Тоҷикистон ин нуктаро зимни мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ зикр кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо — вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст.
Бояд гуфт, имсол дар солгарди 20-уми таъсиси созмон Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз муассисони он аст, раисиро дар ин ташкилоти бонуфуз бар уҳда дорад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон провел встречу с министром иностранных дел Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Ҳамсояи наздик: Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз рушди муносибот бо Чин манфиатдор аст
"Тоҷикистон раисиро дар СҲШ мутобиқи принсипҳои пештар изҳоршудаи муттасилӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мавқеи ҳар як давлати узв иҷро мекунад.
Вазифаи асосии раисии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои аъзо ва мақомоти доимӣ рушди минбаъдаи пешрафти Созмон таъмин карда шавад", — таъкид намудаст Раҳмон.
Гуфта шудааст, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ СҲШ ҳамчун ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккули худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддирро муҳокима кардаанд
Дар ин росто, президенти кишвар таъкид кардааст, ки Тоҷикистон бо дарназардошти шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон, бо истифодаи ҳамаи сатҳҳои бисёрҷониба ҷиҳати баррасии мушкилоти ин кишвари ҳамсоя тадбирҳои таъхирнопазир андешида истодааст.
Ногуфта намонад, ки дар мулоқоти имрӯза Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар суханронӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала