Сабукӣ ба бадахшониҳо: Вазир гуфт, Президент хоҳони рушди баробари ҳамаи минтақаҳо мебошад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр транспорта Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Министр транспорта Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бархе иддаоро, ки Ҳукумат ба рушди минтақаҳои алоҳида таваҷҷуҳи бештар медиҳаду ба дигаре кам, рад намуда, гуфт таваҷҷуҳи раисиҷумҳур ба ҳамаи минтақаҳо, аз ҷумла дар роҳсозӣ якхела аст
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, сиёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ҳамин хел равона шудааст, ки тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бояд рушди якхеле дошта бошанд, аз ҷумла дар роҳсозӣ.
Азим Иброҳим аз ҷумла дар мавриди роҳсозӣ барои осонии омадурафт ба ВМКБ ва сабукӣ барои мардуми вилоят гуфт.
Вазири нақлиёт бархе таъхиркориҳоро дар оғози сохтмони роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ эътироф карда, изҳор дошт, ки он ба ҷониби маблағгузор рабт дорад, чун бидуни маблағ оғози кор ғайриимкон аст. Ӯ зикр намуд, ки ин қисмати роҳ бо кумаки Чин бояд сохта шавад ва расмиёту ҳуҷҷатгузориҳои зиёдро талаб менамояд. Ҳуҷҷатгузориҳою расмиёт аллакай дар марҳилаи ниҳоисту интизор меравад, корҳо ба зудӣ оғоз шаванд, изҳор дошт Иброҳим.
Вазир гуфт, дар ин қисмат ду нақби муосири васеъ дар назар аст, ки роҳро 23 километр кӯтоҳ хоҳанд кард.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Вазир дар бораи сохтмони роҳи оҳани Самарқанд - Панҷакент: аз ҳисоби соҳибкорҳо
Азим Иброҳим инчунин аз лоиҳаҳое дар масири сафар ба ВМКБ гуфт, ки имсол татбиқашон анҷом меёбад. Аз ҷумла қисмати роҳи Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ба масофаи 32 километр, Шикев - Қалъаи Хумб, ба масофаи 26 километр, дар маҷмуъ 58 километр роҳи нав ба истифода супорида мешавад.
Инчунин 38 километр роҳи Шикев – Зиғар, ки соли 2005-ум сохта шудаст, мумфарш карда мешавад. Ҳудуди 360 метр, ки аз тарафи Афғонистон доим сел меомаду роҳро мебаст, тариқи нақб бозсозӣ мешавад, гуфт вазир.
Азим Иброҳим таъкид намуд, ки ҳамаи ин ба он хотир аст, ки рафтуомади мардуми Бадахшон осон шавад.
Лентаи хабарҳо
0