Шарифзода гуфт, бӯи ғализ то маркази Хуҷанд мерасад: комиссия ташкил шуд

© Sputnik Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд
Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Мушкили бӯи ғализ дар Хуҷанд доман паҳн мекунад. Фирдавс Шарифзода, раиси Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ ин мушкилро иқрор кард ва гуфт, ки барои ҳалли он комиссия таъсис шудааст
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд яке аз мавзуъҳое буд, ки рӯзноманигорон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба Фирдавс Шарифзода дар миён гузоштанд.
Рӯзноманигорон гуфтанд, дар ҳоле кӯчаву ҷодаҳои Хуҷанд бо тарҳи нав чароғон карда мешаванд, ки мушкили паҳншавии бӯи ғализ чанд вақт ба ин тараф сокинони шаҳрро нигарон кардааст ва ин вазъ дар назди ҳар як меҳмон ва ё сайёҳи хориҷӣ таасуфбор аст.
Раиси шаҳр, инро як мушкили ҷиддӣ унвон намуда иброз кард, ки чанд вақт ба ин тараф дар маркази Хуҷанд ҳам бӯйи ғализ ҳис мешавад.
“Воқеан ин проблемаи ҷиддӣ барои шаҳр аст. Аввал микроноҳияҳои 3, 8, 12, 13, 18, 19 ва 20 буд, ҳоло рӯз аз рӯз паҳншавии бӯйи ғализ зиёд гардида ба маркази шаҳр ҳам паҳн шуда истодааст”, - гуфт раиси Хуҷанд.
Беш аз як сол аст, ки қариб ҳар шому саҳар бӯи ғализ Хуҷандро фаро мегирад. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам оиди ин мушкил нигаронӣ кардаанд.
Баъзеҳо манбаъи паҳншавии бӯи бадро аз фаъол шудани чандин адад фермаҳои мурғпарварӣ дар сарҳади миёни Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рабт медиҳанд.
Фирдавс Шарифзода иброз намуд, ки гурӯҳи корӣ фермаҳои мурғпарварие, ки дар сарҳади миёни Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгиранд пурра санҷиш намуда, манбаъи паҳншавии бӯи бадро муайян мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала