Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Тоҷикистон аз Чин 3.4 миллион воя ваксин мехарад

© AFP 2023 / LILLIAN SUWANRUMPHAФлаконы с вакциной CoronaVac, разработанной китайской фирмой Sinovac
Флаконы с вакциной CoronaVac, разработанной китайской фирмой Sinovac - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Маблағи асосӣ барои хариди ваксин аз Чинро Бонки Осиёи Рушд ихтисос медиҳад. Тоҷикистон аз ин бонк барои дастрас кардани ваксин 25 миллион доллар грант мегирад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тоҷикистон ният дорад аз Чин ваксин алайҳи бемории коронавирусро харидорӣ кунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон барои таъмин намудани шаҳрвандон бо ваксин, ҳудуди 3,4 миллион воя CoronoVac мехарад. Дар ин робита аллакай вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо намояндагони Чин гуфтугӯ доир намуданд.
Гуфта мешавад, муовини якуми вазири тандурустӣ, Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони ширкати созандаи ин ваксин “Sinovac Research & Development Co. Ltd” гуфтугӯи онлайнӣ баргузор карданд.
Манбаъ меафзояд, созишномае, ки барои хариди ин миқдор воя тартиб дода шудааст, маблағи 26,8 миллион долларро талаб мекунад.
Девушка на улице в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорат гуфт, киҳо дар Тоҷикистон ваксин намегиранд
Зимнан, 25 миллион доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёи Рушд ва боқимонда 1.8 миллион доллар саҳми Тоҷикистон хоҳад буд.
Зикр мегардад, ки аллакай ҷонибҳо дар мавриди нарх, шарту шароити дастрасӣ, муҳлати интиқоли ваксин ба Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон феълан ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке ваксини истеҳсоли бритонӣ - шведӣ буда дигаре доруи истеҳсоли Чин аст.
Дар Тоҷикистон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронавирус афроди аз 18 - сола боло бояд ба таври ҳатмӣ ваксин гиранд.
Вазорати тандурустӣ чанде пеш гурӯҳи нафаронеро эълон кард, ки ба маъракаи ваксингузаронӣ ҷалб карда намешаванд.
Инҳо занони ҳомила ва соҳиби кӯдакони ширмак, нафароне, ки ҳарорати бадани онҳо баланд аст ва дар замони иммунизатсияи ба коронавирус мубтало гардидаанд, дохил мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0