Толибон* раводид барои ронандагони тоҷикро ба Афғонистон лағв кард?

© Sputnik / Виктор ТолочкоФуры с российскими номерами скопились на белорусско-литовской границе
Фуры с российскими номерами скопились на белорусско-литовской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Толибон*, ки шимоли Афғонистон, минтақаи марзии кишварро азхуд кардаанд, гузаргоҳҳоро низ контрол мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Расонаҳо хабар доданд, ки гурӯҳи экстремистии Толибон*, ки минтақаи марзиро ба даст гирифтаанд, раводидро барои ронандаҳо аз Тоҷикистон бекор кардаанд.
Хабаргузори "Парс тудей" дар истинод ба расонаҳо менависад, "Гурӯҳи Толибон раводиди сафари ронандаҳои мошинҳои боркаши Тоҷикистон ба Афғонистон ҳангоми вурӯд ба Бандари Шерхонро лағв кардааст".
Грузовик на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Азим Иброҳим додугирифти мол бо Афғонистон баъди омадани Толибонро шарҳ дод
Бино бар иттилои манбаъ, ронандагони тоҷик пештар барои убури марз бештар аз 200 доллар сарф мекарданд, ҳамакнун танҳо 60 сомонӣ боҷи гумрукӣ пардохт мекунанд.
"Пештар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон низ раводиди сафар ба ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистонро мутаваққиф карда буд", - менависад манбаъ.
Кӯшишҳои Sputnik Тоҷикистон барои тасдиқ ва ё радди ин хабар дар мавриди он ки оё дар ҳақиқат Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон додани раводидро мутаваққиф кардааст, бенатиҷа буданд.
Масъулини сафорат посухе ироа накарданд.
Як хабарнигори афғонистонӣ Аҷмал Кокар, хабарнигори сомонаи "Пажвок" дар вилояти Қундӯзи Афғонистон низ хабар додааст, ки мошинҳои боркаши Тоҷикистон бидуни мамониат машғули интиқоли семент ҳастанд.
"Аз сӯи дигар гурӯҳи Толибон бо интишори навори видеои дар шабкаҳои иҷтимоӣ эълом кардааст, ки гузаргоҳҳои марзии Афғонистон барои интиқоли коло боз аст", - менависад "Парс тудей".
Афганская женщина с тремя детьми  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Фаврӣ: КДАМ аз фирори 77 қирғизи Афғонистон ба Мурғоб хабар дод
Шерхон-Бандар бузургтарин гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистон аст. Ин гузаргоҳ аз 22 июни соли ҷорӣ ба Толибон гузаштааст.
Баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО ва Амрико Толибон* дар Афғонистон фаъол шудаанд. Бино бар бархе маълумотҳо онҳо аз 300 виласволӣ сеякашонро забт кардаанд. Феълан муқовимати ҳукумати расмии Афғонистон бо гурӯҳи радикалистӣ идома дорад.
* - ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала