Вазир дар бораи сохтмони роҳи оҳани Самарқанд - Панҷакент: аз ҳисоби соҳибкорҳо

© Sputnik / Амир ИсаевАзим Иброхим, министр транспорта Таджикистана
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, нақшаҳо дар мавриди сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакентро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо Ӯзбекистон баррасӣ шуда истодааст.
Ӯ афзуд, ки интизор меравад, роҳи оҳани Самарқанд ба Тоҷикистон пайваст шавад ва ҳудуди 4 километр ба қаламрави шаҳри Панҷакент дарояд.
“Ин масъала дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ ҳам дар Тошканд ва ҳам дар Душанбе, ки мо ҳам иштирок доштем, баррасӣ шуд”, - изҳор дошт вазири нақлиёт.
Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, роҳи оҳани мазкур аз ҳисоби худи соҳибкорон, ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Ӯзбекистон амалӣ карда шавад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон яке аз масъалаҳои калидӣ дар ин тарҳро таъминот бо бор гуфт. Ӯ тавзеҳ дод, ки гап ҳам сари боркашонӣ ва ҳам мусофиркашонӣ меравад.
Грузовик на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Азим Иброҳим додугирифти мол бо Афғонистон баъди омадани Толибонро шарҳ дод
Азим Иброҳим бо зикри он, ки Самарқанд шаҳри қадимаи дорои таърихи 2700 – сола мебошад, Саразмро низ таъкид намуд, ки таърихи 5500-сола дорад ва метавонад, мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор гирад.
Ӯ илова намуд, ки куҳан будани шаҳри Саразм, ки бо қарори Юнеско тасдиқ шудааст ва ҷалби сайёҳон ба минтақа, аз ҷумла тариқи роҳи оҳан низ ояндадор мебошад.
Вазир афзуд, ки гуруҳи корӣ дар мавриди ин лоиҳа кор карда истодааст ва изҳори умед намуд, ки ба натиҷаи мусбат мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала