Вазир дар бораи таъхири пулсозӣ дар Хоруғ, ки бояд танбашавии нақлиётро бартараф кунад

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар мавриди таъхиркории сохтмони пул дар Хоруғ, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, расман санги асоси онро гузошта буд, изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар мавриди сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки дар ҳуҷҷатгузорӣ каме таъхиркорӣ сурат гирифт.
Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кӯшиш мекунанд, масъалаи сохтмони пул дар шаҳри Хоруғ имсол ҳалли худро ёбад.
Ӯ иттилоъ дод, ки дарозии худи пул 200 метр ва 450 метрӣ аз ҳарду тараф барои пайваст кардан роҳҳо сохта хоҳанд шуд. Вазир афзуд, ки бо маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ дар ВМКБ сохтмони роҳҳо ва долону нақбҳо дар назар аст.
Министр транспорта Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Сабукӣ ба бадахшониҳо: Вазир гуфт, Президент хоҳони рушди баробари ҳамаи минтақаҳо мебошад
Санги асоси пули нав дар Хоруғро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта гузошта буд. Котиботи раисиҷумҳур он замон иттилоъ дод, ки пули мошингузар дар болои дарёи Ғунд бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст
Манбаъ афзуд, ки кӯпруки мазкур дар маҳаллаи "Селхозтехника"-и шаҳри Хоруғ бунёд шуда, 5 метр паҳноӣ ва 200 метр дарозӣ ва 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад.
Сохта ба истифода додани пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ танбашавии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемурро пурра аз миён бардошта, ҳаракати нақлиёти мусофиркашу боркаш тавассути ин пули нав ба роҳ монда хоҳад шуд, изҳор дошта буданд мақомоти ВМКБ.
Лентаи хабарҳо
0