Вазири араб ба генерал Раҳимзода: "мардуми Тоҷикистон бо мо дӯсту бародаранд"

© ВКДМулоқоти Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои арабаш
Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои арабаш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Вазири корҳои дохилии АМА Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ гуфт, мардуми Тоҷикистон ва араб бародаранд ва чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо раиси корҳои дохилӣ ва хориҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳамзамон роҳбари Маркази байналмилалии зиддитеррористии “Ҳедая” Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ мулоқот кард.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ вазири тоҷик ба ҷаноби Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ кардааст.
Ӯ қайд кардааст, ки ин ҳамкориҳо аз муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.
На фоне самого высокого здания в мире, Бурдж-Халифа, мусульманские мужчины в масках молятся, Дубай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
АМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон қоидаҳои вурудро шадидтар кард
Дар навбати худ меҳмонон низ зикр намудаанд, ки Аморати Муттаҳидаи Араб кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд.
"Мардуми Тоҷикистон ва кишвари мо бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид", - гуфтааст вазири араб.
Манбаъ афзуда, ки дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала