Занозании тоҷикону қирғизҳо дар Маскав: 100 муҳоҷир боздошт шуду шаш касро ҳабс карданд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузаштан ба хазинаи аксСледственный изолятор, архивное фото
Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Пас аз муноқишаи муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Маскав, 103 нафарро ба пулис бурданд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Мақомот занозании оммавӣ дар метрои Кузминкиро, як ҳолати фавқулодда арзёбӣ мекунад, гуфт ба РИА Новости намояндаи хадамоти матбуоти Раёсати амнияти минтақавӣ ва мубориза бо фасод.

"Сабаб баррасии муносибатҳо миёни муҳоҷирон буд, ки чанд рӯз қабл дар қаламрави вилояти Маскав оғоз шуду дар паи он се шаҳрванди хориҷӣ барои кумаки тиббӣ муроҷиат карданд. Нисбати ҳамаи онҳое, ки дар ин муноқиша даст доранд, тибқи моддаи 20.2 қисми 6.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Русия парвандаи маъмурӣ боз карда шуд ", - гуфтанд дар шӯъба.

Дар маҷмӯъ, 103 нафар ба пулис бурда шуданд. Аксарияти ҷангҷолиҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд.
Ҳамчунин, масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ дар заминаи ифротгароӣ низ баррасӣ мешавад.
Занозании оммавӣ мавзӯи мулоқоти мақомоти шаҳр ва амният, инчунин намояндагони Федератсияи муҳоҷирони Русия гардид.
Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Занозании 200 муҳоҷир дар Маскав: бархе боздошт шуданду бархе захмӣ
Тавре манбаъ меафзояд, ҳамаи боздоштшудагон то мурофиаи додгоҳӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешаванд ва агар ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аз Русия депорт мешаванд. Зиёда аз ин, вуруди онҳо ба кишвар маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилои котиби матбуотии додгоҳи Кузминкии Маскав Кристина Каленова, шаш нафар иштирокчиёни занозании оммавӣ ба муддати 15 рӯз ҳабс карда шуданд.
Тибқи иттилои суд, онҳо мувофиқи моддаи 20.2 қисми 6.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия "Иштирок дар ҷамъомади худсарона, ки дар натиҷа ба фаъолияти иншооти таъминоти ҳаётӣ халал ворид шудааст", айбдор карда мешаванд.
Автомобили полиции и скорой медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Фарзияи нави занозании муҳоҷирон дар "Кузминки": ду қирғизро тоҷикон корд заданд - навор
Расонаҳо ҷузъиёти занозании оммавиро чунин қисса карданд.
Муноқиша шоми 12 июл оғоз ёфт. Сипас ба ҳар кадоме аз тарафҳои даргир ошноҳову дӯстон ҳамроҳ шуданд.
Таъкид мешавад, ки баъзе аз қурбониёни муноқишаро рӯи кати мошинҳои ёрии таъҷилӣ бурдаанд.
Тибқи гузориши РЕН ТВ, муноқиша дар Кузминки, ки ба задухӯрди оммавӣ мубаддал шуд, байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон рух додааст.
Показательное ограбление: учения в институте вирусологии в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Пулиси Маскав аз занозании оммавии муҳоҷирон огоҳ буд
Ин муборизаи хунин замина доштааст. 11 июл дар Химки ду зодаи Қирғизистон бо корд захмӣ шудаанд ва рафиқони онҳо тасмим гирифтаанд, ки қасос гиранд ва соати 19:00 дар Кузминки як "стрелка" таъин карданд.
Дар вақти муайяншуда ҳеҷ гуна задухӯрд сурат нагирифтааст, аммо муҳоҷирони ғаразнок дар минотиқи наздик боздошт шуданд.
Тақрибан нисфи шаб дар истгоҳи метрои Кузминки занозании оммавӣ оғоз ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала