Русӣ ё тоҷикӣ: Дина Саева гуфт, ба кадом забон фикр мекунад - видео

© Vogue RussiaДина Саева раскрыла секреты красоты
Дина Саева раскрыла секреты красоты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Зодаи Тоҷикистон ва маликаи "Тик Ток" Дина Саева гуфт, ба забони тоҷикӣ фикр мекунад ва ҳангоми суҳбат ба забони русӣ мушкил дорад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Маликаи "Тик Ток" Дина Саева барои маҷаллаи Vogue Русия наворе омода кардааст, ки дар он тарзи ороиши рӯй ва чашмро дар ҳавои гарми тобистон нишон медиҳад.
Ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари оро додани рӯй ва маслиҳатҳо ба мухлисонаш, дар бораи забондонӣ суҳбат кард.
Ӯ гуфт, ним сол пеш дарк кард, ки ба забони тоҷикӣ фикр мекунад ва ин барои суҳбат кардан ба забони русӣ барояш хала мерасонад.

"Агар як ду рӯзро пурра бо хонаводаам гузаронам ва ба забони тоҷикӣ суҳбат кунам, бароям гуфтугӯ ба забони русӣ мушкил мешавад", - мегӯяд Дина Саева.

Маликаи "Тик Ток" дар ин росто аз ҳамвандонаш хост зери ин навор бинависанд, ки ба кадом забон суҳбат ва ба кадом забон фикр мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки пештар Дина Саева хабар дода буд, ки эҳтимол дорад ӯро аз шаҳрвандии Русия маҳрум созанд.
Додгоҳ, рӯзи 23 июл қарори ниҳоии худро дар ин бора хоҳад баровард. Сабаби чунин мушкилот бо шаҳрвандиро Дина дақиқ нагуфт.
Дина Саева 21 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, маликаи "ТикТок"-и Русия дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар як хонаводаи фақир ба дунё омадааст ва ҳамроҳи падару модару дигар аъзои оилаашон (Дина фарзанди калонӣ аст) ба Екатеринбурги Русия кӯчидаанд.
Блогер родом из Таджикистана Дина Саева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Эҳтимоли маҳрум шудани Дина Саева аз шаҳрвандии Русия
Дина ҳамагӣ се сол пеш дар McDonald’s кор мекард ва дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил мекард. Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбонӣ зери ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб оғоз карда буд.
Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравониӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала