Хонаҳоямон вайрону нонамонро гирифтанд: омодагии мардум барои набард бо Толибон - видео

Дар чаҳор вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистони Афғонистон - Кундуз, Тахор, Бадахшон ва Балх вулусволиҳои зиёде ба дасти Толибон афтодаанд
Дар пайи суқути вулусволиҳои зиёд, дар Афғонистон мавҷи хезишҳои мардумӣ барои муқовимат дар баробари "Толибон" мушоҳида мешавад.
То имрӯз дар Куҳдомани вилояти Кобул, Мазори Шариф, Форёб, Тахор, Бағлон ва дигар вилоятҳои шимолии Афғонистон бархе чеҳраҳои собиқи муҷоҳиддини Афғонистон бо мавҷи азиме аз мардум барои муқовимат бо "Толибон" бархестаанд.
Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, давоми чанд ҳафта задухӯрди шадид ҷараён дорад.
Ноамнӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров онро эътирофи нокомии рисолати онҳо номид, афзоиш меёбад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала