Рубл ё доллар: коршинос беҳтарин асъор барои пасандоз дар 12 моҳи ояндро гуфт

© Sputnik / Стас ЭтвешДоллары на столе
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Коршинос гуфт, дар 12 моҳи оянда кадом асъор бояд пасандоз кард ва чӣ гуна таваррум дар ИМА пули миллии кишварҳои рӯ ба тараққиро беқурб мекунад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сатҳи баланди таваррум дар Иёлоти Муттаҳида метавонад боиси коҳиши аксари асъорҳои рушдёбанда, аз ҷумла рубл гардад, аз ин рӯ беҳтарин асъор дар давоми 6-12 моҳи оянда барои пасандоз, пули амрикоӣ хоҳад буд.
Дар ин бора Дмитрий Бабин, коршиноси Бозори саҳҳомии БКС Брокер, дар суҳбат бо РИА Новости гуфт.
6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2020
Дар Русия асъори маъмултарин барои пасандоз муаррифӣ шуд
Вазорати меҳнати ИМА рӯзи сешанбе гузориш дод, ки таварруми солона дар ин кишвар ғайричашмдошт дар моҳи июн то 5,4% афзоиш ёфт дар ҳоле, ки моҳи май 5% буд.
Суръати болоравии нархҳо дар кишвар аз моҳи августи соли 2008 инҷониб дар сатҳи ниҳоӣ боқӣ мемонад.
"То ба ҳол рубл ба шарофати баланд будани нархи нафт ва дигар молҳо нисбатан қавӣ ба назар мерасад. Ҳамзамон дигар асъорҳо ба сабаби таваррум дар ИМА нисбат ба доллар коҳиш ёфтанд. То замоне, ки бозорро бовар мекунонанд, ки афзоиши таваррум муваққатист, сармоягузорон хушбин боқӣ мемонанд", - мегӯяд таҳлилгар.
Аммо, агар таваррум дар Иёлоти Муттаҳида дар моҳҳои оянда баланд боқӣ монад, дар баъзе мавридҳо метавонад дар бозор ноумедии амиқ ба амал ояд, ки ба коҳиши шадиди асъори кишварҳои рӯ ба тараққӣ нисбат ба доллар оварда мерасонад.
"Дар ин ҳолат, қурби рубл ва дигар асъор, ки ба тағирёбии шароити асъори ҷаҳонӣ ҳассос мебошанд, коҳиш меёбанд. Ҳамин тавр, дар 6-12 моҳи оянда доллар ҳамчун пули афзалиятнок барои пасандоз боқӣ мемонад", - хулоса кард Бабин.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала