Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Мақомоти Хуҷанд ба сокинон: бидуни ниқоб нагардед, вагарна то 300 сомонӣ ҷарима мешавед

© пресс-служба МВДРейд по вылавливанию попрошаек и бомжей в Худжанд
Рейд по вылавливанию попрошаек и бомжей в Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон кардааст, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла надоштани ниқоб сокинон ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳамарўза дар шаҳр корҳои фаҳмондиҳию машваратӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаро роҳандозӣ кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
Гуфта шудааст, ки гуруҳҳои корӣ бо ронандагону мусофирон ва сокинону меҳмонони шаҳр, ки дар истгоҳҳои нақлиётӣ ҷамъ мешаванд, чунин корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.
Қайд карда шудааст, ки то ҳол бархе аз ронандагону мусофирон бидуни ниқоб буда, ба саломатии худ ва атрофиён беаҳамият мебошанд.
“Ҳол он, ки фориғболию бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад. Чунин бепарвоӣ метавонад, ки мизони мубталошавии мардумро дар як муддати кутоҳ боло барад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардаст, ки гурӯҳи тарғиботӣ мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват кардаанд.
Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ситод: миқдори зиёди беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бенишон буда, аломатҳои клиникавӣ надорад
Ҳамзамон манбаъ ёдрас шудааст, ки тибқи моддаи 113 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҳангоми риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия ва дигар бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан, ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Бояд гуфт, ки андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи қонуни Тоҷикистон 60 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ҳама ҳолат қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд ва ҳатман аз ниқобҳо истифода намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала