Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи Афғонистон мулоқот кард

© Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар
 Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Обуна шудан
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мулоқот кард.
Тавре Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун табодули афкор сурат гирифт.
Ҳаниф Атмар сарпараст ё иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2020
Ҳаниф Атмар ба Тоҷикистон омад
Изҳор гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.
"Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад", - таъкид кардааст вазири тоҷик ба ҳамтои афғонистониаш.
Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон 13-14 июл нишасти вазирони умури хориҷаи СҲШ баргузор шуд. Дар ҳошияи ин нишаст, Муҳаммад Ҳаниф Атмар ба Тоҷикистон омад.
Лентаи хабарҳо
0